Беш аз 4 миллиард доллар сармоя ба иқтисоди вилояти Суғд ҷалб шудааст

 Дар панҷ соли охир ба иқтисоди вилояти Суғд беш аз 4 миллиард доллар сармоя ҷалб гардида, 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи умумии зиёда аз 250 миллион доллар дар қаламрави вилоят амалӣ мешаванд.

 Дар ин бора раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни Форуми байналмилалии “Имкониятҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ”, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, изҳор дошт.

Раиси вилоят таъкид кард, ки дар доираи сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар, ки то соли 2030 идома хоҳад ёфт, афзоиши коркарди ашёи хом, рушди истеҳсолоти дохилӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳадафҳои асосӣ ба шумор мераванд.

Ба гуфтаи Аҳмадзода, имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят минтақаҳои саноатӣ фаъолият доранд ва Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар шаҳри Хуҷанд бо тамоми инфрасохтори зарурӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ муҳайё шудааст.

Инчунин, раиси вилоят аз дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд, ки барои рушди соҳаи туризм ва ҷалби сармоягузорон имтиёзҳои андозиву гумрукӣ пешбинӣ кардааст.

Дар Форуми байналмилалӣ намояндагони корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои молиявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар заминаҳои гуногунро баррасӣ карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *