Беш аз 70 фавт дар се моҳ аз садамаҳои нақлиётӣ

Давоми соли равон, дар роҳҳои мошингарди вилояти Хатлон беш аз 120 садамаи нақлиётӣ сабт шудааст. Дар натиҷа 74 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Аз 122 садамаи нақлиётии рухдода 134 нафар ҷароҳат бардошта, дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд. Мутаассифона, 74 нафари дигар аз ин сабаб фавтидаанд.

Шуъбаи Бозрасии давлатии автомабилӣ дар вилояти Хатлон хабар дода гуфтааст, ки сабаби аксари садамаҳои нақлиётӣ ҳаракат бо суръати баланд ва муқобили самти ҳаракат баромандани ронандагон мебошад. Шуъбаи мавриди назар аз ронандагону пиёдагардон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз эҳтиёт кор гирифта, ҷони худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *