Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Олимҷон МУҲАММАДҶОНЗОДА, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон

– Гуруҳи корӣ панҷ сол кор кард ва бо қарори ҳукумат имло тасдиқ шуд. Дигар роҳи бозгашт нест. Аломати “Ъ”-ро низ аз алифбои забони тоҷикӣ намебардорем.

– Эъ, о, ҳамин шарҳу тавзеҳатонро барвақттар мегуфтед, намешуд!? Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мазҳака ба вуҷуд овардед. Ё мақсад пуровоза кардани фаъолияти Кумита буд?

Дилафрӯз АМИРЗОДА, мудири телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”

– Баъзе эълонҳоро бо забони инглисӣ нашр мекунем. Нашрҳои иттилоотӣ бо забонҳои инглисиву русӣ ҳам дорем. Баъзе филмҳо пурра бо забони инглисӣ пешкаш мешавад.

– Ҳмм, бечора забони тоҷикӣ, боз ҳам моли чанд нафар зиёиву олими забоншиносу забондӯст мондан мегирад-да!

Сафар ҲАҚДОД, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон

– Филмнома як моли “тезвайроншаванда” аст. Инро бояд “Тоҷикфилм” қаблан пешгӯӣ намояд, ки соли равон ва солҳои оянда кадом филмҳо офарида мешаванд.

– Аҷоиб гапҳо мезанед, раис! Идораи обуҳавосанҷӣ наметавонад вазъи солҳои ояндаро пешгӯӣ кунаду “Тоҷикфилм” метавонад филм пешгӯӣ намояд? Ё ягон экстрасенс доранд?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *