Бингар, ки кӣ мегӯяд…
Коинот СӮФИЕВ, директори Коллеҷи тиббии ноҳияи Б. Ғафуров
— Рафти супоридани санҷишҳои марҳилавӣ пурра электронӣ гардидааст. Инчунин, коллеҷ дорои хобгоҳ мебошад, ки дар он барои 80 нафар духтарон шароити хуби зист муҳайё гардонида шудааст.
— Барои писарон чӣ, устод? Ё писарон ҳамаашон хонаҳои шахсии худро доранд?
Нозим МЕЛИКОВ, коргардони номвари тоҷик
— Барои намоиши хуб маблағи хуб лозим аст, вале, мутаассифона, аз ин ҷиҳат театри тоҷик хеле танқисӣ мекашад, ҳунарманди тоҷик дар ба дари вазорату идораҳо мегардад.
— Хайр, ба ҷои онҳо сабзиву картошкапарварон даводав намекунанд ку! Ба ҳар ҳол, шарҳи ин иддаоятонро як бор аз вазири фарҳанг пурсидан даркор.
Муҳаммад АЛӢ, роҳбалад, омӯзгор, навозанда ва иқтисодчӣ
— Ман мисли мардуми хориҷӣ даромади солонаамро ҳисоб мекунам. Ин анъана дар кишварҳои ғарбӣ хеле маъмул аст ва бартариятҳои зиёд дорад.
— Шумо ки чанд вазифаву даромади зиёд доред, ҳисоб мекунед. Мо чиро ҳисоб кунем? Бартарияти асосиаш ҳам ҳамин.
Шарҳ