Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон

— Ҳикматёр соли 1992 ба Тоҷикистон чун рӯбоҳи ланги тирхӯрда омада буд ва мо ӯро сиҳат кардем. Имрӯз боз мехоҳад моро таҳдид кунад? Ӯ барои мо ҳеҷ кас аст. Мо таҳдидҳои ӯро ҳамчун таҳдиди рӯбоҳ қабул мекунем.

— Дуруст мекунед, раис! Шояд захми тир пурра шифо ёфта бошад, аммо акнун аз захми сухани шумо шифо ёфтанаш дар гумон аст. Вале агар гургзода будаву акнун гург шуда бошад…

Дамир КАМОЛИТДИНОВ, собиқ мураббии тими миллии Тоҷикистон

— Ба фикрам, дастпарварони Питер Сегрт дастаи Русияро маҷбур ба резонидани арақи ҷабин мекунанд. Фикр мекунам, ки варзишгоҳ пур мешавад ва ин ҳам тоҷиконро ба таври мусбат ҳавасманд мекунад.

— Пеш аз пода чанг хезондан хуб неву аммо ин андешаи шуво воқеан ба тоҷикон мароқу ҳавасмандӣ мебахшад. Умедворем, ки дастпарварони Питер ҳам арақи ҷабин резонидаву ғалаба мекунанд.

Мастона ЭРГАШЕВА, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон

— Корҳое, ки мо мекунем, ҳар рӯз ба навор гирифтаву дар телевизион пахш намешавад, зеро он дарс аст. Барои ҳамин кам метобам. Лекин ҳар ҷое даъват кунанд, рафта, ҳунарнамоӣ мекунам.

— Барои бисёр тофтанатон, як маслиҳати ройгони дӯстона дорем, муаллимаи азиз. Дар ҳар ҷое, ки даъват карданд, пулакӣ ҳунарнамоӣ кунед. Баъди ин корҳоятон дар телевизион пахш мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *