Бингар, ки кӣ мегӯяд…
Юсуф АХМЕДОВ, варзишгар ва мураббии касбӣ
— Ман аз назди толори фитнес мегузаштам ва хостам як даромада бинам. Дарун даромадам ва дидам, ки Толеъ Холназаров он ҷо тамрин мекунад. Дарҳол ба ман ин варзиш писанд омад.
— Ҳар кас Толеъ Холназаров намешаваду… ба ҳар ҳол, дарк кардагистед, ки кореро тасодуфан оғоз кардан ҳам самара меовардааст…
Тамара КАТАЕВА, овозхони шинохтаи тоҷик
— Мо «Худсовет» (Шӯрои бадеӣ) доштем. Ҳар шоире, ки шеърашро ба мо меовард, ҳамроҳи бастакор меомад. Аз мо мепурсиданд, ки ин шеър маъқул аст ё не? Танҳо баъд иҷозат медоданд, ки онро иҷро кунем.
— Ҳоло чӣ? Бисёр шоироне, ки шеърашонро барои овозхонҳо мебаранд, ҳамроҳи “муҳосиб” ё миёнаравашон мераванд.
Сиявуш ҚОСИМ, роҳбари гуруҳи “Лабханди ҷавонӣ”
— Ба як чиз ҳайронам, ки барои чӣ моро ба ҳамоишҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ё консерту чорабиниҳои пойтахт даъват намекунанд? Ё барои иштирок дар ин гуна чорабиниҳо ягон қоидаи хос мавҷуд аст, ки ман бехабарам?
— Шояд аз бисёр чизҳо бехабар бошед. Шояд мушкил дар номи гуруҳатон бошад, чун, фикр мекунанд, ки ҷавонеду ҳоло вақт доред.
Шарҳ