Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Ато ҲАМДАМ, Нависандаи халқии Тоҷикистон

— Бародари калонӣ филология аст. Чун дар он аз ҳама аввал забон дохил мешавад ва баъдан нависандагӣ ва журналистӣ. Боғ ё худ гулзори филология аз боғу гулзори журналистика васеътар аст.

— Эҳа, аҷоиб тасвире кардед! Коре накунед, ки аз ин баъд ҳама журналистон рисолаташонро миёни роҳ монда, ба боғ ё гулзори филология қадам гузоранд!?

Раҷаб САИДӢ, омӯзгор, шоир ва рӯзноманигор

— Дар аҳди шӯравӣ мақоми омӯзгор бағоят бузург буд, устодро ҳама эҳтиром менамуданд. Омӯзгорон пешгоҳнишини кулбаву кошонаи мардум буданд. Қариб аксари хонандагон орзуи омӯзгор шудан мекарданд.

— Ҳоло ҳам мақоми омӯзгор бад нест. Қариб аксари хонандагон бо омӯзгорон мисли дӯсту бародаранд, якҷоя ба маҳфилҳо мераванд, якҷоя тамоку мекашанд…

Муҳиддини МУЗАФФАР, коргардони филми “Дов”

— Ман аз тамошогарон умеди зиёде доштам. Гумон мекардам рӯзҳои намоиш дари кинотеатрҳо пур аз одам мешавад, аммо нашуд. Худ қазоват кунед, вақте тамошогар барои дидани филм намеояд, он ба кӣ даркор?

— Солҳо боз қазоват карда истодаем, вале ҳанӯз ҳам лаб ба шикоят мекушоем. Барои чӣ? Зеро, касе нест, ки ба таври мушаххас ва бо далелҳои раднопазир сабабҳои буҳрони фарҳангиву роҳи раҳоиро гӯяд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *