Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Абдумалик ҚОДИРОВ, котиби генералии Медиа-Алянси Тоҷикистон

— Ҳамаи пешниҳодҳову гуфтаҳо ба назар гирифта мешаванд, вале ислоҳу татбиқашон як кори тӯлонӣ аст, ки на фақат фурсат, балки якдиливу дастҷамъии хабарнигорон, котибони матбуотӣ, намояндагони мақомоту вазоратхонаҳоро мехоҳад.

— Ҳо, рост мегӯед, аз назар дур намемонанд, вале то якдилӣ пайдо мешавад, боз чандин пешниҳоду гуфтаҳои дигар ба миён меоянд. Яъне, “бузак, намур, баҳор меояд…”.

Давлатҷон ҒАФФОРЗОДА, мудири маорифи шаҳри Кӯлоб

— Бо дарназардошти рафту омад, ба нафақа баромадан ва ҷойивазкунӣ дар муассисаҳои таълимӣ шумораи омӯзгорон имсол тағйир ёфта, нисбати соли хониши гузашта 156 нафар кам шуд.

— Ҳммм, чунон дипломатӣ сухан гуфтаед, ки майнаи одам дар таҳлили теъдод гиҷ мешавад. Сабаби асосии кам шудани омӯзгорон чӣ бошад: рафтан, омадан, нафақа ё ҷойивазкунӣ?

Носирҷон КАРИМОВ, дандонпизишки тоҷики муқими Русия

— Имрӯз ба мо мизоҷоне муроҷиат мекунанд, ки аз сиҳат шудани дандони худ ноумед шудаанд. Бояд гуфт, ки барои таъмини хандаи зебо дандонҳои солим хеле муҳиманд. Аҳамияти кори мо низ ин аст, ки ба дигарон хандаи зеборо ҳадя кунем.

— Бале, вале на танҳо барои хандаи зебо, балки барои иштирок дар ошҳои наҳор ҳам дандонҳои солим хеле зиёд ба кор мераванд… 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *