Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Адаш ИСТАД, нависандаи тоҷики муқими Самарқанд

— Дар мо ақидаи ғалате ҳаст, ки забони адабӣ танҳо хоси театр, донишгоҳу мактаб ва баъзе шоиру нависандаҳост. То халқ ба забони адабӣ суҳбат накунад, миллат пайдо намешавад.

— Аз ин нуқтаи назар, барои миллатсозӣ қабл аз ҳама пеши роҳи “ҳарчихонӣ”-и лашкари анбуҳи сарояндаҳоямонро гирифтан лозим аст!

Зиёвиддини НУРЗОД, сарояндаи шинохтаи тоҷик

— Ҳамроҳи мутрибон омодагӣ гирифта будем ва пеш аз сафар ба Панҷакент аз манъи баргузории консертамон огоҳ шудем. Ман танҳо даъватӣ будам ва корҳои ташкилӣ ба дӯши дигарон буд.

— Хуб шудааст, ки даъватӣ будаед, он қадар алам намекунад. Вале, дар асл, гуфти масъулини Панҷакент, шарт аст рафтану “ба корҳои саҳроӣ халал расонидан”?

Игор АБАКУМОВ, номзади илмҳои иқтисодӣ

— Мо бояд барои маҳсулоти тоҷикӣ тамғаҳои ҷолибе пайдо кунем. Ҳоло онҳо вуҷуд надоранд. Барои истеҳсолкунандагони Тоҷикистон як майдони бузурги фаъолият вуҷуд дорад, ки ин корро карда метавонанд.

— Эҳа, мо барои интиқоли маҳсулотамон аз як нуқта ба нуқтаи дигари кишвар душворӣ мекашему шумо дар бораи тамғаҳои ҷолиб гап мезанед!

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.