БИР барои сохтмони НБО-и “Роғун” $150 миллион медиҳад

10 июни соли равон вохӯрии якҷояи вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер баргузор гардид.

Тавре ки аз вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳошияи вохӯрии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер Созишнома оид ба лоиҳаи сохтмони НБО “Роғун” ба маблағи умумии 150 миллион доллар ба имзо расонида шуд, ки якҷо бо маблағҳои ҳамоҳангнамудаи фондҳои рушди Араб 550 миллион долларро ташкил медиҳад.

Тавре дар вохӯрии Президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд қайд гардид, дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд як силсила лоиҳаҳои муҳимро татбиқ намудааст, ки маблағи умумии онҳо 916 миллион долларро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, ҳоло аз ҷониби Бонк дар ҳаҷми 237 миллион доллар 7 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрӣ, маориф ва тандурустӣ маблағгузорӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *