Биёед, Лоиқро ёбем!

Наздикони Лоиқҷон Абдуеви 3-сола, ки аз назди хонааш дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бедарак шудааст, барои пайдо намудани ӯ кӯмак мехоҳанд.

Тавре пайвандони Лоиқҷон гуфтаанд, ӯ соати 8-и субҳи 24 апрел аз назди хонааш ғайб задаст: “Хонавода дар ошёнаи дуюм зиндагӣ мекунанд ва Лоиқҷон дар назди хонаашон бозӣ доштааст. Модари Лоиқҷон он субҳ хоҳарчаашро назди духтур бурдааст ва вақте баъди ним соат бармегардад, писарчаашро пайдо намекунад. Як кӯдаки хурди дигар, ки ҳамроҳи Лоиқҷон будааст, ба суол, ки Лоиқ куҷо шуд, сӯи роҳ нишон медиҳаду рафт мегӯяд”.

Наздикони Лоиқҷон мегӯянд, муроҷиаташон ба мақомоти милисаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ то ҳол натиҷае надодааст. Онҳо аз афроде, ки Лоиқҷонро дидаанд, ё дар борааш маълумот доранд, хоҳиш намуданд, ки тариқи рақамҳои 909 77 88 57 дар тамос шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *