Блогери маъруф рэп хонд

Блогери шинохта Nek xxl ва рэпер Shahkom нахустин рэпи дуовозии худро бо номи “Нея” дар ютубканали “Nek xxl” нашр карданд.

Рэпи “Нея” аз ҷониби мухлисони Nek xxl ва Shahkom хуб қабул шуда, бо “сториз”-ҳои писанд омадани рэпро тасдиқ карданд.

“Нея” дар худ чунин мисраъҳоро дорад:

Нея, нея, нея,

Мада бегонай.

Беаҳамият рафтӣ,

Намонд баҳонае.

Нея, нея, нея.

Ҳаётам олист, ин хона холист,

Нея, нея, нея.

Гуфтан бамаврид аст, ки Nek xxl пеш аз фаъолияти блогерӣ рэпсаро буд ва то ҳол аз ин соҳа даст накашидааст. Shahkom бошад, муаллифи рэпи машҳури “Духтарбаноз” аст, ки дар саҳифаҳои гуногун миллионҳо маротиба аз ҷониби мардум шунида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Nek xxl яке аз блогерони пешқадами тоҷик буда, дар “Инстаграм” бештар бо таҳияи наворҳои тарбиявӣ ва ҳаҷвӣ маъруф аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *