Bloomberg асъори беҳтарин дар ҷаҳонро  муайян кард

Bloomberg асъори ҷаҳонро  таҳлил намуда, гуфтааст, ки  доллар беқурб, аммо баръакс, рубл мустаҳкам мешавад. Дар моҳи январ қурби рубл тақрибан 11% дар муқоса ба доллар боло рафтааст.

 Дар робита ба асъори рубл чанд омилро ном бурдаааст.

Якум, тавозуни мусбати савдо. Даромади содиротӣ аз хароҷоти воридотӣ зиёд аст. Доллару  евро нисбат ба содирот ба хориҷи кишвар бештар ворид мешавад. Дар баробари ин, содиркунандагон вазифадоранд, ки 80 фоизи даромади худро дар биржа фурӯшанд. Ва воридкунандагон ба далели таҳримҳо дар хариди колои хориҷӣ мушкил доранд. Ин пешниҳоди изофии асъорро дар бозор ба вуҷуд меорад.

Дуюм, маҳдудиятҳо барои хориҷиён. Ба онҳо фурӯши дороиҳои Русия ва гирифтани доллар дар хориҷ манъ аст. Ин талаботи ягона аст ва  амалест, дар посух ба ях бастани захираҳои асъори рубл дар Ғарб, ки талаботро дар бозори дохилии асъор коҳиш медиҳад. Дар акси ҳол, хориҷиён ҳама дороиҳоро зуд берун мебурданд, ки ин боиси якбора поин рафтани қурби рубл мегардад.

Сеюм, маҳдудиятҳо барои русҳо. Хариди пули нақд мушкил аст. Доллар ва евроҳои ғайринақдӣ бо қурби хеле номувофиқ фурӯхта мешаванд. Илова бар ин, истифодаи онҳо барои мақсадашон душвор аст. Сафарҳои хориҷӣ ба далели мушкили раводид ва гаронии қимати парвозҳо барои бисёриҳо дастнорас шудааст. Дар чунин шароит талабот ба асъори хориҷӣ кам аст.

Бонки марказӣ қурби ҷории асъорро комилан ба бозор нигаронидашуда медонад. Он дар биржа ташаккул ёфта, манфиати содиркунандагон ва воридкунандагонро  танзим мекунад. Эҳтимол меравад, ки баъзе аз маҳдудиятҳо тадриҷан бардошта шаванд. Аммо танҳо ба шарте, ки ин боиси тамоюли тез нагардад. Аксари коршиносон бар ин назаранд, ки доллар дар шароити феълӣ дар ҳудуди 60 то 80 рубл боқӣ мемонад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.