Боги хайвонот

Боғи ҳайвонот дар Душанбе. Тамошо меравем ё шашликхӯрӣ? (видео)

Гулнисо аз ноҳияи Ховалинг ба Душанбе омадааст. Ӯро дар баробари тамошои гулгаштҳои зебо, маконҳои истироҳатию фароғатӣ, дидани Боғи ҳайвоноти Душанбе ҷалб намуд. Ӯ мегӯяд, ки рӯзҳои истироҳат хостааст, ки бо фарзандонаш ба Боғи ҳайвонот тамошо оянд. Аммо аз ин омадан изҳори пушаймонӣ дорад.

— Хоҳиши фарзандонро нахостам ба замин гузорам. Омадем, аммо ягон шароит инҷо нест: бӯйи бад, ҳарҷо партовҳо, бӯйи дуди ғализи сари ҳар қадами шашликпазҳо. Боз дар ҳамин гуна шароит мардум хӯрок истеъмол мекунанд. Аҷиб…,- изҳори нигаронӣ мекунад ин меҳмони шаҳр.

Оё воқеан ҳам чунин аст? Чанд рӯз пеш ҳамроҳи наворбардори Pressa.tj ба Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе омадем. Боғеро, ки таърихи беш аз 60-солаи фаъолият дорад, як макони харобазор дарёфтем. Ҳоло ин ягона боғи ҳайвонот дар қаламрави Тоҷикистон мебошад, ки дар маркази шаҳри Душанбе ҷой гирифтааст. Ҳамарӯза садҳо меҳмонон ва ҳатто сайёҳон вориди шаҳри Душанбе мешаванд.  Онҳо мехоҳанд, ки аз боғи ҳайвонот низ дидан намоянд. Рӯзе, ки мо ба ин боғ омадем, сафи меҳмонон низ кам набуд. Бархе зери лаб аз шароити бади хизматрасонӣ дар ин боғ шикоят доштанд. Аммо дар суҳбати рӯ ба рӯ бо микрофон изҳори ақида намекарданд. Онҳо мегӯянд, ки беҳтар мешуд, ин боғ ба ягон ҷои васеъ кӯчонида шавад ва ба ин восита хизматрасонӣ беҳтар гардад. Вагарна, ин боғ бо чунин шароиташ ба имиҷи шаҳри Душанбе таъсир мерасонад. Аҷиб, магар ин боғ роҳбар надорад?

Воқеан, масъалаи ба макони дигар кӯчонидани Боғи ҳайвонот қариб 10 сол боз бенатиҷа мондааст. Соли 2020 шаҳрдори пойтахт дар бораи ба ҷойи дигар кӯчонидани Боғи ҳайвонот қарор қабул кардааст. Аммо аз чӣ бошад, ки ин дастур бенатиҷа мондааст. Шояд пас аз чопи ин мавод масъулин инро шарҳ медиҳанд?

Арзиши даромадан ба Боғи ҳайвонот 3 сомонӣ муқаррар шудааст. Боз инҷо садҳо нафар ҷойро иҷора гирифтаву ба маъмурияти боғ маблағ пардохт мекунанд. Магар бо ин маблағҳо наметавон ақаллан дар рӯзҳои ҷашн шароити беҳдошт ва тозагиро андаке риоя кард?

Вақте вориди Боғи ҳайвонот мешавед, аз он ягон нишоне боқӣ намонда, танҳо садои бозиҳои кӯдакона ва дуди ғализи хӯрокҳо ба осмон мерасад. Шароит ва нигоҳубини ҳайвонот ҳам ба талабот ҷавобгӯ нест. Баъзе қафасҳои нигоҳдории ҳайвонҳо холиянд. Шумораи атраксионҳо дар Боғи ҳайвонот зиёд шудааст. Охир, мардум барои тамошои ҳайвонҳо меоянд-ку! Ё танҳо ба хотири нишастан ба атраксиону шашликхӯрӣ?

Интизори вокуниши масъулини ин боғ ҳастем!

Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА

Тафсилоти бештари матлаб дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *