водка

Нӯшидани алкогол дар Русия зиёд шуд

— Дар ду моҳи аввали соли 2023 русҳо 2,22 миллион декалитр (дал) нӯшокиҳои камалкогол харидаанд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,5% зиёд аст,- хабар медиҳад «Интерфакс» бо истинод ба иттилои “Росалкоголрегулирование”.

Тавре зикр карда мешавад, имсол арақ 2% зиёдтар (11,97 миллион декалитр), коняк 9,1% (2,16 миллион дал), шароби газдор (шампан) 6,9%, (3,1 миллион дал) фурӯхта шуд.

Ҳаҷми фурӯши шароб (вино) қариб чор баробар афзуда, ба 163,3 ҳазор декалитр расид. Фурӯши шаробҳои мева 13% коҳиш ёфта, ба 1,4 миллион дал расид, аммо шаробҳои бегаз, баръакс, 2,5% афзоиш ёфта, ба 8,13 миллион дал расид.

Фурӯши алкоголи зиёда аз 9% 3,1% (18,2 миллион дал), арақи зиёда аз 25% 31,2% (2,1 миллион дал) ва дигар анвоъи машруботи алкоголии зиёда аз 9% 0,7% (1,9 миллион дал) афзоиш ёфтааст. Фурӯши машруботи алкоголии камтар аз 25% 86,1% (64,4 ҳазор дал) коҳиш ёфтааст. Маҷмуан, аз рӯи натиҷаи январ — феврал дар фурӯши чакана 34,87 миллион дал машруботи алкоголӣ фурӯхта шудааст. Ба ҳисоби солона ҳаҷми фурӯш 3,3% афзоиш ёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *