Бо дастури Рустами Эмомалӣ дар Бадахшон академияи футбол бунёд мешавад

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба Вазорати саноат супориш дод, ки дар мувофиқа бо ФФТ дар яке аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ академияи футбол барои омода кардани бозигарони ҷавон бунёд кунанд.

Дар ин бора Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, Рустами Эмомалӣ  3-юми феврал бо раисони вилоят, шаҳру ноҳия ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои кишвар мулоқот кард.

Ӯ гуфтааст, ки бисёр бозигарон аз Бадахшон дар дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон бозӣ мекунанд, аммо қариб ҳамаашон дар Душанбе футболро омӯхтаанд.

Бинобар ин, президенти ФФТ барои омода кардани футболбозони наврас ба дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар ВМКБ сохтани академияи футболро лозим донистааст.

“Инчунин дар Бадахшон байни кӯдакону наврасон ва калонсолон баргузории мусобиқаҳои гуногуни футбол зарур аст”, – изҳор дошт Рустами Эмомалӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *