Бохтар: Аз бозсозии варзишгоҳ то баҳси судӣ
Бештар аз як сол аст, ки дар “Варзишгоҳи Вахш”-и шаҳри Бохтар корҳои сохтмонӣ идома доранд. Варзишгоҳи мавриди назар пурра бозсозӣ шуда, ба талаботи замон мувофиқ карда хоҳад шуд.
Абдулмаҷид Муминзод, раиси шаҳри Бохтар дар нишасти хабарӣ гуфт, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, шуруъ аз соли 2023 таъмиру азнавсозии варзишгоҳ оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ то 80 дарсад иҷро шудааст.
Масъалаи дигаре, ки дар нишаст баррасӣ шуд, то ба суд рафтани баҳси дӯконҳои атрофи “Варзишгоҳи Вахш” мебошад. Муминзод мегӯяд, ки соли 2007 дӯконҳои атрофи варзишгоҳ ғайриқонунӣ хусусӣ шуда буданд. Дар ду марҳила ҳалномаи суд ба манфиати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҳал шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ