Бохтар: Дӯкону марказҳои хизматрасонии худсохт барканда шуданд

Дар шаҳри Бохтар – маркази маъмурии вилояти Хатлон нуқтаҳои савдо ва дӯконҳои хизматрасоние, ки дар роҳравҳои одамгузар ва атрофи бозор сохта шудаанд, барканда шуданд.

Аз мақомоти маҳаллии шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфтанд, ки дар қаламрави шаҳри Бохтар тамоми дӯкон ва марказҳои хизматрасонӣ, ки дар роҳ ва кӯчаҳои одамгузар ҷойгиранд, бартараф мешаванд.

Тасмим аст, ин кор даҳ рӯз давом кунад. Барои ин кор коммисияи махсус ҳам таъсис дода шудааст.

“Феълан коммисия ба кори худ аз атрофи бозор шуруъ кардааст ва давоми 10 рӯз, дар шаҳри Бохтар идома хоҳад кард”,-иттилоъ дод манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *