Бохтар. Ду қонуншиканӣ дар се моҳ

Дар се моҳи соли равон дар шаҳри Бохтар ду қонуншиканӣ вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабт шудааст.

Манучеҳр Қодиров, мудири бахши дин ва танзими ҷашну маросими шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфт, ки дар шаҳр як комиссияи доимӣ ва 50 комиссияи ҷамъиятӣ таъсис дода шудааст.

Ӯ мегӯяд, масъулин ҷиҳати пешгирӣ аз ақди никоҳи бармаҳал, исрофкорӣ ва ғайра пайваста бо сокинон суҳбату вохурӣ мегузаронанд.

“Дар се моҳаи аввали соли 2024 ду ҳолати риоя нашудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабт шуда буд. Имсол ҳам ду қонуншиканӣ ба қайд гирифтем”,-иттилоъ дод номбурда.

Манучеҳр Қодиров мегӯяд, дар се моҳи соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 189 маърака баргузор шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 – ум кам мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *