Бохтар: Садбарг ҷойи лоларо мегирад

Шаҳрдории Бохтар тасмим гирифтааст, ки имсолу соли оянда дар шаҳр кам не, як миллион гули гуногуни садбарг шинонад. Феълан дар гулгашт ва хиёбонҳои шаҳр 2 ҳазору 300 дона гули садбарг шинонида шудааст.

Неъмон Ҳабибов, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”-и шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфт, ки ҳоло дар заминҳои корхона бештар аз 300 ҳазор қаламчаҳои гул парвариш шуда истодааст.- То даҳ рӯзи дигар ин шумора ба 700-800 ҳазор расонида мешавад,- афзуд ӯ.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, ки парвариши гули садбарг назар ба гули лола осону камхарҷ аст.

— Соли гузшта бо харҷи як миллион сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ гули лола харидорӣ кардем. Вале барои парвариши як миллион гули садбарг қариб ки маблағ хароҷот намешавад. Бо вуҷуди ин, гули лола камтар аз як моҳ умр дорад. Садбарг умри тӯлонӣ мебинад.

Неъмон Ҳабибов бо нигаронӣ гуфт, ки “солона аз буҷети маҳаллӣ ба корхонаи мо дар умум 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад. Қисми бештари ин маблағ маоши кормандон аст”. Ӯ мегӯяд, ки “дар баробари ин, аз ҷамъияту ташкилотҳои алоҳида 460 ҳазор сомонӣ қарздорем. Агар маблағгузорӣ зиёд карда шавад, имкони парвариши гулҳои гуногун бештар мешавад. Дар ҳамкорӣ бо олимони соҳаи кишоварзӣ имсол парвариши дарахти Каштан ва Дукро ба роҳ мондаем. Ин таҷриба то ҳанӯз дар минтақаи Бохтар собиқа надоштааст”.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *