Бохти 4-ум ва мавқеашро аз даст додани «Истиқлол»

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки қаҳрамони феълии Тоҷикистон мебошад, имкони баромадан аз гуруҳ дар лигаи чемпионҳои осиёиро аз даст дод.

Бозии чоруми марҳилаи гуруҳии «Истиқлол» дар Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё — 2022 бо бохт анҷомид,- хабар дод Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар бозии чорумаш дар гуруҳи «А» дастаи Душанбе бо ғолиби феълии мусобиқа, тими «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ вориди майдон шуд. Ин сабқат бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи тими мизбон анҷом ёфт. Бозӣ дар варзишгоҳи Ар-Риёз бо ҳузури беш аз 10 ҳазор мухлис сурат гирифт.

Голҳоро ба дарвозаи «Истиқлол» дар дақиқаҳои 8-ум ва 33-юм Одион Игало ва дар дақиқаҳои иловагӣ Салом ал-Давсарӣ ворид кардаанд. Бозиии қаблии тими Тоҷикистон бо «Ал-Ҳилол» бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфта буд. Муаллифи голи ягона дар дақиқаи 52-ум Салмон Ал-Фараҷ шуда буд.

Ҳамин тариқ чемпиони Тоҷикистон дар марҳилаи гуруҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 дар гуруҳи «А» баъди бохти чорумаш шонси баромадан ба марҳилаи баъдии мусобиқаро аз даст дод.

Ин даста таҳти роҳбарии Виталий Левченко натавонист дар чор бозии марҳилаи гуруҳӣ холе ба даст орад. Феълан дар гуруҳи «А» тими «Ал-Ҳилол» аз 12 холи имконпазир соҳиби 12 хол буда, дар мавқеи якум қарор дорад. Дастаҳои «Шарҷа»-и АМА соҳиби 7 хол ва «Ал-райён»-и Қатар 4 хол ба даст оварданд.

Дар ду бозии боқимондаи гуруҳӣ тими «Истиқлол» бо «Ал-райён» рӯзи 23-юми апрел ва «Шарҷа» 27-уми апрел вориди майдон мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки “Истиқлол” дар ду бозии гузаштааш дар доираи ин мусобиқот аз дастаи «Ал-райён»-и Қатар бо ҳисоби 2:3 ва аз тими “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.