Боим боздошт шуд? Ӯ кист?

Иброҳим Сафаров, машҳур бо лақаби “Боим”, сокини 53-солаи шаҳри Душанбе, ки номаш борҳо бо фурӯшу интиқоли маводи мухаддир расонаӣ шудааст, дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дода, менависад, ки Иброҳим Сафаров дар аввали моҳи октябр аз Истанбул ба Душанбе оварда шуд.

“Ӯ ба таъсиси шабакаи фурӯши ҳабҳои экстазӣ” ва “нигаҳдории силоҳ айбдор мешавад”,- гуфтааст як манбаъ.

Мақомоти кишвар то ҳол дар бораи боздошту ба Тоҷикистон истирдод шудани “Боим” ҳарфе нагуфтаанд.

“Боим” соли 2006 дар Русия бо 200 кило ҳероин дастгир ва ба 19 соли зиндон маҳкум шуда буд. Мақомоти Русия мегуфтанд, ки шабакаи таҳти раҳбарии “Боим” ҳар сол ба бозори сиёҳи он кишвар то 4,5 тонна маводи мухаддир ворид мекард. Дар матбуоти Русия ӯро машҳуртарин наркобарони тоҷик ном мебурданд. Ӯ баъди чанд сол ба озодӣ баромад.

Баъдан низ исми Иброҳим Сафаров бо интиқолу фурӯши миқдори бузурги маводи мухаддир дар Тоҷикистон расонаӣ шуда буд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар моҳи июли имсол Комрон Ҳамроев, сокини 28-солаи шаҳри Душанберо бо гумони фурӯши “ҳабҳои экстазӣ” боздошт карда, ӯро аз наздикони “Боим” ном бурда буд. Иброҳим Сафаров соли 1971 дар маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе таваллуд шуда, қаблан ба ҳайси сартарош кор мекард.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *