«Пайвандҳо» — филмест дар бораи арзишҳои инсонӣ

Ташкилоти ҷамъиятии «Расонанигор» нахустин филми мустанади худро бо номи «Пайвандҳо» рӯи навор овард. Филм аз се қисмати асосӣ иборат аст: боби якум дар бораи риштаҳои ишқу муҳаббат, боби дуюм доир ба риштаҳои ӯҳдадорӣ ва боби охир оид ба риштаҳои дӯстию рафоқат.

«Пайвандҳо» – пеш аз ҳама, дар бораи арзишҳои бунёдии ҳаёти инсон, меҳру муҳаббат ва дӯстию рафоқати байни миллатҳо, инчунин дар бораи ӯҳдадориҳои инсонй дар назди оилаву пайвандон, дӯстону ҳамсояҳо ва Ватан қисса мекунад.

Тавассути се достони оилаҳои байнимиллӣ аз се кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, дар бораи аҳамияти ҳифзи ҳуввияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, эҳтиром ба анъанаҳо ва муҳаббати бидуни марзу бум, ки тадриҷан ба пайвандҳои мустаҳками оилавӣ табдил ёфтаанд, сӯҳбат мекунад.

Ин аввалин таҷрибаи филмофарии ташкилот буда, ба тамошобин аз ҳаёту рӯзгори се оила қисса мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *