Бонки миллӣ барандаи Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе

Аз 20 октябр то 16 ноябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид.

Барои иштирок дар ин мусобиқа  48 даста аз вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои пойтахти кишвар дархост дода, дар 8 гурӯҳ бо ҳам қувва озмуданд.

Тавре мушоҳида шуд, вохӯриҳо барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе бо камоли кордонӣ ва сатҳи баланди ташкилӣ ҷараён гирифта, дастаҳои беҳтарин аз рӯйи системаи олимпӣ баъди бозиҳои пешакӣ ба марҳилаи  дигар роҳхат гирифтанд.

Вохӯриҳои ҳалкунандаи нимфиналӣ ва финалӣ шоми 16 ноябр дар Рӯзи Президенти Тоҷикистон барпо гардиданд. Аввал  дастаҳои пурзӯртарини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилаи ҷумҳурӣ ва ширкати букмекерии «Формула-55» дар марҳилаи нимфиналӣ бо ҳам талош варзиданд. Ду дастаи ғолиби ин марҳила Бонки миллии Тоҷикистон ва ВКД ҶТ ба марҳилаи  финалӣ, ки барандаи Ҷоми Раиси шаҳри Душанберо дар соли 2017 муайян мекунад, роҳ ёфтанд.

Барои ҷойи сеюм ва медалҳои биринҷии мусобиқа даста МИМҲД-и шаҳри Душанбе тими «Формула-55»-ро бо ҳисоби бузурги 6:1 мағлуб карда,ҷойи сеюмро ишғол намуд.

Дар бозии финалӣ дастаҳоии Бонки миллии Тоҷикистон ва ВКД-и ҷумҳурӣ дар ду қисм ягон тӯбро ба дарвозаҳои ҳамдигар ворид карда натавониста, мусовӣ (0:0) бозиданд. Мувофиқи низомномаи  мусобиқа дар ин ҳолат силсиазарбаҳои иловагӣ ғолибро муайян мекунад. Бахти варзишӣ дар ин лаҳзаҳо ба рӯйи бонкдорон хандиду онҳо бо ҳисоби 8:7 дастболо шуда, Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе- 2017-ро ба даст оварданд. Ғолибони мусобиқаи ҷашнии  Ҷоми Раиси шаҳри Душанберо бо ҷоизаҳо, медалу дипломҳо ва мукофотпулиҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *