Бонки осиёии рушд ба Ҷамолиддин Абдуллозода сертификати фахрӣ дод (аудио)

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон директори Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (Гранти Бонки осиёии рушд-0627-TAJ(SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар Лоиҳаи беҳтарини Бонки осиёии рушд дар соли 2021 пазируфта шудани лоиҳаи  “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” аз ҷониби Бонки осиёии рушд бо сертификати фахрӣ сарфароз гардонида шуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, зимни тақдими сертификати мазкур Родора Консепсион, сардори бахши татбиқи Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фирӯз Сафаров, ёрдамчии бахши татбиқи Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ганҷина Фазилова, мутахассиси хурд оид ба татбиқи Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шавкат Восиев, таҳлилгари татбиқи Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муттабархон Раҳимова, таҳлилгари хурди татбиқи Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҳмудзода Исфандиёр, менеҷери Гуруҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” иштирок кардаанд.

Манбаъ ёдовар мешавад, ки Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (Гранти Бонки осиёии рушд-0627-TAJ(SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон амалӣ шуда истода, ҳадафи асосии Лоиҳа беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар ноҳияҳои таҷрибавӣ мебошад.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *