Бонуфзтарин соҳибкори қазоқ 6 сол равонаи зиндон шуд

Суди ноҳияи Байконури шаҳри Остонаи Қазоқистон Кайрат Сатибалдиро барои 6 сол зиндонӣ кард.

Кайрат Сатибалдӣ бародарзодаи собиқ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мебошад.

Гуфта мешавад, ки ӯ барои азхудкунии 12,7 миллиард тангаи «Қазоқтелеком» ва 28,6 миллиард тангаи «Маркази хадамоти нақлиёт»-и Қазоқистон айбдор аст. Худи ӯ пештар дар суд ғорати маблағҳои ширкатҳоро эътироф карда буд.

Хадамоти мубориза зидди фасоди Қазоқистон 13 марти имсол Кайрат Сатибалдиро, ки ба гуфтаи мақомот, мехост, кишварро ба қасди Дубай тарк кунад, дастгир кард. Он замон гуфта мешуд, ки Сатибалдии 51-сола дар «сӯистифода аз мақом ва дуздии дороиҳои ширкати мухобиротии «Қазоқтелеком» дар ҳаҷми махсусан калон» айбдор мешавад.
Дар хадамот гуфта буданд, ки Кайрат Сатибалдӣ «ба халалдор кардани амнияти давлат» низ айбдор мешавад.
Қаблан расонаҳо Кайрат Сатибалдиро ягона муассиси ширкати оффшории «Skyline Investment Company S.A.» номида буданд. Forbes Kazakhstan дороии Сатибалдиро 163 миллион доллар арзёбӣ ва ӯро ба рӯйхати бонуфузтарин соҳибкорони Қазоқистон ворид карда буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.