Бори аввал дар Екатеринбург филмҳои Тоҷикистон намоиш дода мешавад

Намоиши нотакрор ва ҷолиби синамои тоҷик дар Екатеринбург баргузор мешавад, ки интизор аст бо қиссаҳое ба умқи ниёзҳои рӯҳи инсон дахл доранд, тамошобинонро ба ваҷд оранд.

Барномаи намоиши филмҳои Тоҷикистон панҷ филми кӯтоҳеро дар бар мегирад, ки аз сӯйи коргардонҳои боистеъдоди тоҷик офарида шудаанд.

 Дар ин бора синамошиноси тоҷик Шарофат Арабова дар саҳифаи фейсбукияш хабар додааст.

 Хоҳишмандон имкон доранд, ки рӯзи 4-уми декабр соати 19:00 дар толори хурди Хонаи синамои Екатеринбург филмҳои кӯтоҳро тамошо кунанд. Рӯйдоди мазкур дар чаҳорчӯби Ҷашнвораи байналмилалии мактабҳои кино «Кинопроба» баргузор мешавад, ки дар доираи он 118 филми кӯтоҳ барои барномаи озмун интихоб карда шуданд.

 Бояд гуфт, ки Ҷашнвораи 20-уми «КиноПроба» рӯзи 1-уми декабр дар шаҳри Екатеренбург бо ширкати синамогарони Русия, Арманистон, Эрон, Исроил, Бритониёи Кабир, Фаронса, Қазоқистон ва Қирғизистон оғоз шуда, натиҷаҳои он рӯзи 5-уми декабр эълон мешавад. Ба барномаи озмун 118 филми кӯтоҳ, аз ҷумла 48 филми ҳунарӣ, 32 филми мустанад ва 38 филми пӯёнамоӣ дохил аст. Гуфта мешавад, ки бори аввал дар ҷашнвора ба тамошобинон филмҳои синамогарони Тоҷикистон намоиш дода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *