Борис Ҷонсон дабири кулли НАТО мешавад?

Сарвазири мустаъфии Бритониё Борис Ҷонсон метавонад соли 2023 дабири кулли Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ — НАТО шавад. Дар ин бора «The Telegraph» бо такя ба манобеаш дар Кумитаи дифои парлумони Бритониё хабар додааст.

Ҷонсон феълан аз дастовардҳои маъракаи сиёсӣ ва иқтисодии Ғарб алайҳи Русия арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи Дэвид Ҷонс, вазири собиқи Бритониё дар умури хориҷшавӣ аз Иттиҳодияи Аврупо, маҳз Борис Ҷонсон дар тасмими Шветсия ва Финландия барои узвият дар Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ — НАТО таъсир расонд.

Вакил аз ҷиноҳи муҳофизакорон Ричард Дракс қайд кард, ки «ҳар як бритониёии барҷаста барои ин мақом интихоби олӣ хоҳад буд» ва пуштибонияшро аз сарвазири пешӣ баён дошт.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.