Боз бахти Мирзиёев хандид. Ӯ баранда шуд.

КМИ натоиҷи аввалияти интихоботи президентии Ӯзбекистонро эълон кард ва пешсафони ин маъракаи муҳими сиёсӣ маълум шуданд

 Шавкат Мирзиёев бар асоси натоиҷи муқаддамотии интихоботи президентӣ пирӯзи ба даст овардааст. Кишвардори феълӣ, 80,1 дарсади раъйи мардумро касб кард.

Маълумоти пешакиро роҳбари КМИ Ӯзбекистон Зайниддин Низомхоҷаев соати 16:00 эълон кард.

Дар ҳамин ҳол, то эълони натоиҷи пешакии интихобот, Шавкат Мирзиёевро аллакай кишвардорони се давлат табрик намуданд.

Аз ҷумла, президенти Русия, Владимир Путин бо Мирзиёев тамос гирифта ӯро барои пирӯзии боварибахш дар интихоботи президентӣ табрик кард ва ҳамзамон унвонияш барқияи алоҳидаи шодбошӣ ирсол кард.

Ҳамчунин раисҷумҳурони Белорус, Александр Лукашенко ва Қазоқистон, Қосим Жомарт Тоқаев ҳамтои ӯзбекашонро барои дигарбора такяф задан ба маснади президентӣ муборак гуфтанд.

Ёдовар мешавем, интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон рӯзи 24 октябр сурат гирифт ва барои курсии раёсатҷумҳурӣ панҷ номзад вориди рақобат шуданд, ки яке аз онҳо кишвардори феълӣ, Шавкат Мирзиёев буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.