Боз Фаррухи блогер боздошт шуд

Кормандони ШВКД-2 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ду нафарро бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ ва дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карданд. Номбурдагон Алимов Фаррух ва Ҳалимов Акбар  санаи 21 майи соли равон дар боғи «Умари Хайём» бо ҳамдигар муноқиша намуда, якдигарро мавриди латукӯб қарор додаанд.

Ҳамзамон, онҳо ба эроди шаҳрвандон беэътиноӣ карда, бо садои баланд ва истифодаи алфози қабеҳ оромии мардумро халалдор намудаанд.

Бар асоси қонун нисбати ҳар ду нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Навор дар телеграмма t.me/pressa_tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *