Боз гарониву нигаронӣ
Нархи сабзавот дар бозорҳои Тоҷикистон майли қиматӣ дорад. Масалан, ҳоло моҳи апрел дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта нарх ба таври назаррас боло рафтааст. Як кг картошка 5-6 сомонӣ буда, он ҳам воридотӣ, аз Покистон мебошад. Нархи сабзӣ низ гарон шудааст: 1 кг аз 4 сомонӣ боло. Агар ҳамин шабу рӯзи соли гузаштаро муқоиса намоем, фарқ 1 баробар зиёд аст. Яъне, 1 кг сабзӣ 2 сомонӣ буд. Дигар навъи маҳсулоти ниёзи аввал ҳам гарон аст ва харидорон шиква аз он мекунанд, ки чаро чунин аст ва танзиму назорати масъулин нест?
Вобаста ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, нархҳо метавонанд фарқ дошта бошанд. Дар баъзан маврид фарқият зиёд аст. Масалан, сабзӣ дар баъзе ноҳияҳои кишвар 5-6 сомонӣ ва бодиринг то 20 сомонӣ арзиш доранд. Боз боло мераваду паст не! Яъне, ин ба талаботи аҳолӣ вобаста аст. Мувофиқи омор, ҳарчанд соли гузашта кишту ҳосили картошка зиёд шуда бошад ҳам, аммо ба коҳиши нарх таъсири амиқ нарасонидаааст.
Менигарем ба рақамҳо. Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, то аввали моҳи ноябри соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории кишвар наздики 805 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 30 ҳазор тонна зиёд мебошад. Суғд, ки яке аз минтақаҳои асосии картошкапарварӣ дар Тоҷикистон аст, то аввали моҳи ноябр зиёда аз 640 ҳазор тонна картошка истеҳсол кард. Ин рақам нисбат ба соли гузашта 105 ҳазор тонна зиёд мебошад. Дар ноҳияи Деваштич, ки дар вилояти Суғд воқеъ аст, кишоварзон дар 8175,4 гектар майдони кишт картошка парвариш намудаанд, ки нисбат ба соли 2023 зиёда аз 800 гектар зиёд аст. Ҳосилнокии картошка дар Тоҷикистон дар соли 2024 назар ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида, ин нишондиҳанда ба 233 сентнер аз як гектар расидааст.
Талаботи аҳолии Тоҷикистон ба картошка дар як сол вобаста ба омор ва меъёрҳои гуногун муайян мешавад. Меъёри тавсияшавандаи истеъмоли картошка барои як нафар дар як сол 92 килоро ташкил медиҳад. Аммо, дар амал, ҳаҷми воқеии истеъмоли онро дар ҷумҳурӣ барои як кас дар як сол ҳудуди 130 кило арзёбӣ мекунанд.
Истеҳсоли картошка дар Тоҷикистон дар солҳои охир афзоиш ёфтааст. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ 1 миллиону 145 ҳазор тонна ҳосили картошка ҷамъоварӣ шуд, ки 4,6% зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад.
Бо вуҷуди афзоиши истеҳсол, Тоҷикистон ҳанӯз ҳам барои таъмини талаботи аҳолӣ бо картошка ба воридот вобаста аст. Ҳиссаи картошкаи воридотӣ дар таносуб ба талаботи сабади истеъмолӣ 5,5% -ро ташкил медиҳад.
Дар маҷмуъ, талаботи аҳолии Тоҷикистон ба картошка дар як сол тақрибан 1,3 миллион тонна аст, ки асосан тавассути истеҳсоли дохилӣ ва қисми ками он тавассути воридот таъмин мешавад. Аммо нархи он баробари дигар маҳсулоти ниёзи аввал гарон аст. Боз ин навъи маҳсулот воридотист. Аҷиб он аст, ки истеҳсоли худӣ нисбат ба воридот гаронтар ба назар мерасад. Шояд ин аз беназоратии роҳбарони бозор ҳам бошад?
Ба андешаи иқтисодшинос Шариф Раҳимзода, онҳое, ки дар бозор менишинанд, камбағал нестанд. Онҳо ба синфи миёна дохил мешаванд. «Онҳо муаллими мактаби миёна нестанд, ки бо маош тоқат кунанд. Онҳо даромад доранд. Онҳо аллакай ба пулкоркунӣ одат кардаанд. Ҳам аз мағозаашон фоида мегиранд ва ҳам ягон сарчашмаи иловагии даромад доранд. Вале ҳамин ки фурсат ёфтанд, нархро мебардоранд»,- мегӯяд номбурда.
Усмон Раҳимзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ