Боз як ахтари илми тоҷик оламро тарк кард

Шаби 23-юми март доктори илмҳои филологӣ, мунаққид, адабиётшинос ва шоир Абдушукури Абдусаттор бар асари сактаи дил даргузаштааст. Номбурда аз соли 1994 инҷониб дар кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Тавре наздикони марҳум хабар додаанд, ҷаноза имрӯз, 23-юми март,  соати 1:00 дар масҷиди марказӣ баргузор мегардад. Манзили зисти марҳум бошад, дар наздикии Иттифоқи нависандагон, дар кӯчаи «Абдулло Командир», хонаи 33 мебошад.

Абдушукури Абдусаттор 28 апрели соли 1954 дар шаҳри Конибодом ба ҷаҳон омадааст. Соли 1976 бахши арабии факултаи шарқшиносии давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ дар давоми солҳои 1976 -1994, ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои миёнаи Ҳисору Конибодом кор кардааст. Дар ин мудат муҳаррир ва мудири шуъбаи Маркази методии ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ ва корҳои маданию маърифатӣ, котиби масъули маҷаллаи «Адаб» низ будааст. Муаллифи зиёда аз 300 мақола ва рисолаҳои илмӣ-оммавӣ оид ба масъалаҳои адабиёти гузашта ва муосири тоҷик, аз ҷумлаи «Фазоили Қуръон» (1992), «Талмеҳ дар шеъри аҳди Сомониён» (1998), «Шоирони аҳди Сомониён» (1999; ҳамроҳи Х. Шарифов), «Қиссаи подшоҳони Сомонӣ» (1999; ҳамроҳи Х. Шарифов) мебошад. Дар таҳия ва ба чоп омода сохтани ду ҷилди аввали китоби «Таърихи адабиёт дар Эрон»-и Забеҳуллоҳи Сафо иштирок кардааст (2001, 2006). Инчунин «Таърихи адабиёти араб» (2009) ва «Мунтахаби девон»-и Сӯзании Самарқандиро ба чоп расонидааст (2009).

Ӯ бо тахаллуси Беҳрӯз шеър ҳам эҷод мекард, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва маҷмӯаҳои «Навсафар» (1985), «Кокули бом» (1985), «Хордас­та» (1987), «Сарчашмаи бадбахтиҳо» (1987), «Нешханд» (1990), «Эй нашъа балои ҷон шудастӣ» (2002) ва ғайра ба табъ расидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *