Боз як амалиёти ҷарроҳии нодирро табиби тоҷик гузаронд
Табибони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” бо истифода аз дастгоҳи муосири тиббӣ боз як ҷарроҳии нодирро бомуваффақият анҷом доданд.
Бо истифода аз дастгоҳи Ай Макс (Eye Max) бори аввал дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ аз ҷониби табибони тоҷик ташхис ва амалиёти ҷарроҳӣ дар талхадон ва роҳҳои талхагузор бо усули эндоскопӣ бе буриш аз даҳон гузаронида шуд.
Қобили зикр аст, ки дастгоҳи мазкур истеҳсоли кишвари Чин буда, бо истифода аз он ташхис ва амалиёти ҷарроҳӣ ба гирифторони бемории санги талхадон, палипи талхадон, саратони роҳҳои талхагузар, саратони сараки ғадуди зери меъда гузаронида мешавад.


Ҷарроҳии мазкурро Сорбон Мусоев, мудири шуъбаи ташхису табобати маркази номбурда гузаронидааст. Ӯ иброз дошт, ки чунин усули ҷарроҳӣ бо истифода аз дастгоҳи нодири Ай Макс дар Тоҷикистон ва кишвраҳои Осиёи Марказӣ аввалин бор аст. Қаблан чунин ҷарроҳиҳо бо усули кушода, яъне ба тариқи буриши зиёди ҷисми бемор анҷом дода мешуданд.
Ба гуфтаи ӯ, амалиёти нави ҷарроҳӣ зери назорати эндоскопия ва эндоскопи бориктарин, яъне Ай Макс, ки диаметраш 3 мм ва канали кориаш 1.2 мм мебошад, бомуваффақият гузаронида шуд.
Бо истифода аз ин усули нави ҷарроҳӣ беморон метавонанд баъд аз 24 соати гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ба хонаашон рухсат дода шаванд ва ҳамзамон зудтар шифо ёбанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ