Боз як боздошт барои заминфурӯшӣ

Аҳлиддин Амиршозода, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Вахш рӯзи 29 ноябр аз ҷониби мақомоти Агентии мубориза бо коррупсия бо иттиҳоми порагирӣ дастгир шудааст. Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон мегӯянд, ки  Амиршозода бо далели шайъӣ ҳангоми гирифтани 95 ҳазор сомонӣ аз як сокини ҷамоати «20-солагӣ” (собиқ совхози «Кӯлоб”)-и ноҳияи Вахш ба даст афтодааст.

Бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистон, замин моликияти истисноии давлат буда, хариду фурӯши он мамнӯъ мебошад.  Ахиран  ба зидди Абдухалил Ёрматов, раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд парвандаи ҷиноӣ оғоз кардаанд ва ӯ фирор кардааст. Ёрматовро рӯзи 28 ноябр дар ғайбаш аз мақом барканор карданд ва низ ғоибона ҳукми ҳабси ӯро содир карда, ин мансабдори қаблан баландпоя ва пурнуфузро таҳти кофтукоб қарор додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *