Боз як депутати Думаи Давлатии Русия зидди Манижа шуд

«Азбаски Манижа сурудхониро намедонад ва онро ваҳшатнок иҷро мекунад, ман аллакай медонам, ки ӯ мағлуб мешавад. Зеро вай ҳамчун мусиқинавоз, ҳамчун сароянда касе нест ».

Вакили Думаи давлатӣ, узви кумитаи умури байналмилалӣ Виталий Милонов шарт бастааст, ки агар Манижа дар озмуни Eurovision ғолиб ояд, ӯ маоши якмоҳаашро ба ровии радиои “Комсомолская правда” Диана Кади медиҳад ва иловатан ба ягон оилаи серфарзанд 400 ҳазор рубл хоҳад дод. Дар ин бора «Московский Комсомолец» хабар медиҳад. Сиёсатмадор шарт мебандад, ки иштирокчӣ аз Русия ҳатто ба сегонаи финалист дохил карда намешавад. Депутат илова кард, ки Манижа дар ин озмун ҷои охиринро мегирад. Аммо Диана Кади, ровии радиои «Комсомолская правда»мегуяд, ки дар сурати мағлуб шудани Манижа дар Маркази табобатии гирифторони бемории ковид волнтёр мешавад. Милонов бошад мегӯяд: “ Азбаски Манижа сурудхониро намедонад ва онро ваҳшатнок иҷро мекунад, ман аллакай медонам, ки ӯ мағлуб мешавад. Зеро вай ҳамчун мусиқинавоз, ҳамчун сароянда касе нест ».Қаблан Манижа Сангин пас аз пирӯзӣ дар интихоби озмуни Eurovision аз айбҷӯии беасос нисбаташ шикоят карда буд. Вай гуфт, ки баррасиҳои манфӣ як ҷузъи маъмули ҳаёти ҳунармандон аст, аммо қайд кард, ки бисёре аз шарҳҳо нисбати ӯ аз ҳад зиёд хушунатбор буданд.Ҳайратовараш ин аст, ки дар Думаи Давлатии Русия ҳоло баъзе депутатҳо кори асосии худро як тараф гузошта, ба муҳокимаи як ҳунарманди ғайрирус,ки мехоҳад Русияро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кунад,часпидаанд.Аммо ҳунармандони асил ва овозадори рус бошанд, ин тоҷикдухтарро арзандатарин номзад аз ҷониби Русия меҳисобанд.Қаблан тавре Pressa.tj хабар дода буд, як депутати дигари Госдума Елена Драпенко гуфта буд,ки зери парчами Русия баромад кардани Манижаро бояд манъ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *