Боздиди кории Президенти мамлакат аз шаҳри Турсунзода

Имрӯз, 16 август  Тоҷикистон кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, мақсад аз боздид шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзон, истифодаи самараноки заминҳои корам, ҷамъоварии беталафи ҳосил, таъмини бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар мебошад.

Дар ҷараёни сафар, Президенти мамлакат нахуст аз заминҳои шолӣ, ки баъди ҷамъоварии гандум ҳамчун кишти такрорӣ истифода мешаванд, дидан намуданд. Имсол дар шаҳри Турсунзода дар майдони 5200 гектар шолӣ кишт гардидааст, ки 4000 гектари онро кишти такрорӣ ташкил медиҳад.

Сипас, Сарвари давлат бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Ангури Сомон” шинос шуданд. Хоҷагии мазкур дорои 500 гектар токзор буда, дар он навъҳои гуногуни ангур парвариш меёбанд. Маҳсулоти хоҷагӣ асосан барои содирот ва истеҳсоли мавиз равона шудааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *