Боздиди раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон аз Панҷакент

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ ба шаҳри Панҷакент сафари корӣ анҷом дод.

 Зимни боздид аз раванди корҳои сохтмонӣ ва созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ӯ бо ҷараёни бунёди як қатор иншоот, аз ҷумла Майдони Фирдавсӣ ва беморхонаи кӯдакон шинос шуд.

Дар ҷараёни машварат бо сохторҳои шаҳрсозӣ ва роҳбарони ширкатҳои бинокорӣ, ба масоили сифати сохтмон, лоиҳакашӣ ва риояи меъёрҳои миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Зикр шуд, ки дар шаҳр бунёди 984 иншоот ба нақша гирифта шуда, 760-тои он аллакай мавриди истифода қарор гирифтааст.

Бо дарназардошти саҳми арзанда дар корҳои бунёдкорӣ, ба як қатор роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ ва раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода нишону ифтихорномаҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмон супорида шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *