Боздошт бо гумони пайвандӣ ба равияи мамнуи “Салафия”

Дафтари матбуотии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар медиҳад, ки Нуриддин Тоҷибоев, сокини 41-солаи ҷамоати деҳоти Пулотони шаҳри Конибодом ба ғайриқонунӣ таълим додани дин ва пайвастани шогирдаш ба равияи мамнуи “Салафия” гумонбар дониста шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, Нуриддин Тоҷибоев як ҷавонписареро, ки дониши динияшро гирифтан мехост, ба равияи дар Тоҷикистон мамнуи “Салафия” ҷалб кардааст.

“Моҳи декабр ҳамроҳи бачаҳо нишаста будем. Домуллоро таъриф карданд, ки илмашон зӯр аст. Бо хоҳиши зиёд ба наздашон рафтам”,- мегӯяд ҷавон дар барнома.

“Ҷавони ҷалбшуда бо сабаби надоштани маълумоти динӣ, тавсияҳои мударрисро қабул карда, аз ӯ пайравӣ кардааст, то он вақте, ки дурусту қонунӣ набудани он барояш ошкор гардад”,- омадааст дар хабар.

Дар навори ахбор гуфта мешавад, ки Нуриддин Тоҷибоев аз соли 2009 инҷониб ба равияи “Салафия” пайваста, то ҳол машғули ташвиқу тарғиби он будааст.

Мақомот иброз доштанд, ки “аз манзили истиқоматии ӯ адабиёте дарёфт гардиданд, ки мазмун ва моҳияти он хусусияти экстремистиро дар бар мегирад”. Нуриддин Тоҷибоев ҳам мегӯяд, ки “китоби “Ҳадя”, муаллифаш Ибни Бозро мехондам”.

Ҳоло нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 307, қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *