Суғд: Беш аз 680 ҳазор сомонӣ барои қадршиносии ғолибону корҳои ташкилӣ

Қарори раиси вилояти Суғд «Дар бораи ташкил ва гузаронидани даври вилояти озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» ба имзо расид. Даври вилояти озмун моҳи сентябр гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, ки низомнома ва ҳайати комиссияи озмун аллакай тасдиқ гардидааст. Он аз рӯйи номинатсияҳои математика, физика, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ миёни хонандагони муассисаҳои миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидои касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон ва омӯзгорон гузаронида мешавад.

Барои қадршиносии ғолибон ва корҳои ташкилии даври вилоятии озмун беш аз 680 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *