Боздошти ҷавони 18-сола барои «шантаж»-и ҷавондухтарон

Меҳроб Амиров, сокини 18-солаи ноҳия Шаҳринав аз ҷониби кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастгир шуд.

Номбурда дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» бо номи «Ҳодиса-ТВ» саҳифа кушода, мунтазам аксу наворҳои беобрӯкунандаи ҷавондухтаронро паҳн мекардааст.

«Зимни санҷиш муайян гардид, ки Амиров М., барои аз саҳифаи худ тоза кардани аксу наворҳои ҷавондухтарон аз онҳо маблағҳои гуногуни пулӣ низ талаб намудааст»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ҳоло Меҳроб Амиров дар ҳабси пешакӣ аст.  Кирдорҳои содирнамудаи ӯ мавриди тафтишот қарор дорад. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *