Боздошти ҷавони тоҷик бо гумони омодасозии ҳамлаи террористӣ
Тибқи иттилои шабакаи хабарии “Baza”, дар Русия як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Исроил Қурбонов бо гумони тарҳрезии ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Пятигорск дастгир шудааст.
Ба иттилои манбаъ, Исроил Қурбонов ҷонибдори гурӯҳи мамнӯи террористии «Давлати исломӣ» буда, ният дошт, ки ҳангоми консерти ҳунарманди маъруф Павел Воля дар Қасри фарҳанги «София» бинои онро оташ занад.
Ин консерт шоми 16-уми апрел бояд баргузор мешуд, аммо чанд соат пеш аз оғозаш лағв гардид. Тафтишот аз рӯйи ин ҷиноят ҳоло идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ