куштор

Боздошти ҷавонзани тоҷик бо гумони қатли сарошпаз дар Русия (видео)

— Дар канори Маскав як корманди қаҳвахона аз Тоҷикистон ҳамкори худро ҳангоми муноқиша бо корд куштааст,- хабар медиҳад “Совершенно секретно”.

Манбаи мазкур аз қавли Телеграм-канали «112» чунин тафсилот меорад: “Ҳодиса дар Митиши (вилояти Маскав) рух додааст. Дар наворҳо мебинед, ки чӣ гуна мард дар ошхонаи қаҳвахона занро латукӯб карда, сипас ӯро ба ҷое кашола мекунад, ки ба минтақаи камераҳои видеоӣ намеафтад. Дере нагузашта ӯро корд мезананд, чанд қадам мегузорад ва меафтад”.

Гуфта мешавад, ки ҷароҳатҳои ба қафаси синаи мард расида марговар будаанд ва ҷабрдида то омадани мошини ёрии таъҷилӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

— Пас аз чанд соат шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон Сайёра Дусаева дар даромадгоҳи манзилаш бо гумони даст доштан дар ҷиноят боздошт шуд. Тибқи гузоришҳои таъйиднашуда, зан ба сарошпаз корд задааст,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *