Боздошти боз як ронандаи таксӣ барои рафтори дағалона
Суҳроб Юсупов, ронандаи нақлиёти тамғаи «BYD», рақамҳои давлатиаш 7621ТТ09 дастгир шуд.
Ӯ 4-уми декабр ҳангоми фаъолияти мусофиркашонӣ нисбат ба мусофирзан рафтори дағалона намудааст.
“Дар асоси муроҷиати интернетии як шаҳрванд, аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар н.Сино
Ронанда Юсупов С. боздошт гардид. Нисбати ӯ маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиш қарор дорад”,-иттилоъ медиҳад Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ