Боздошти ду ҷавон барои дуздии 21 ҳазор сомонӣ
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар дод, ки ду ҷавон – Сафаралӣ Тошпулотов ва Алимурод Куганов бо истифода аз “скотч” пулҳои 100-сомониро ба терминалҳо ворид карда, баъди сабти маблағ, онҳоро бозпас кашидаанд.

Ба иттилои мақомот, онҳо бо ин роҳ беш аз 21 ҳазор сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор карданд.
Алайҳи боздоштшудаҳо бо иттиҳоми дуздӣ парванда оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ