Боздошти ду масъули шабакаи барқи Истаравшан барои азхудкунии маблағи калон

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки сардори феълии 39-солаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Истаравшан ва роҳбари собиқи 51-солаи филиали ҳамин ниҳод бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир шудаанд.

Ба иттилои мақомот, моҳи майи соли 2022 ин афрод бо маслиҳати пешакӣ як трансформаторро, ки 740 ҳазор сомонӣ арзиш дошт, ба таври сунъӣ бо нархи 1 миллиону 490 ҳазор сомонӣ ҳуҷҷатгузорӣ карда, боқимондаро байни худ тақсим намудаанд. Зарари расонидашуда ба буҷаи давлат “махсусан калон” арзёбӣ мешавад.

Дар ин қазия инчунин намояндаи ширкати хусусии “Фарзина” марди 33-солаи сокини Хуҷанд, ки қаблан барои ҷиноятҳои молиявӣ суд шудааст, ҳамчун таъминотгар ширкат доштааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомот ҳанӯз номи боздоштшудагонро ошкор накардаанд ва назари онҳо низ дастрас нест.

Гуфта мешавад, тафтишот бар асоси моддаҳои 245, 295 ва 340-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *