Боздошти ду муҷрими сӯхтори марговар дар майдони “Комсомол”

Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия хабар дод, ки дар мавриди сӯхтор дар анбори гулҳо дар маркази Маскав, ки дар он як шаҳрванди Тоҷикистон ва 6 шаҳрванди дигари Русия ба ҳалокат расиданд, ду нафар боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, ки дар мавриди сӯхтор дар бинои анбор дар майдони “Комсомол” як мутахассиси ҳифзи меҳнат ва бехатарии сӯхтор боздошт шудааст. Инчунин, муассис ва директори генералии ҶДММ «Ново Флоре», ки анборҳои сӯхтаро ба иҷора гирифтааст, низ боздошт шудааст.

Муфаттишон ҳамчунин ин афродро аз рӯи моддаи нақзи талаботи бехатарии сӯхтор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва зиёда нафар шудааст, бозпурсӣ ва айб эълон кардаанд. Он то 7 соли зиндонро дар назар дорад.

Ёдовар мешавем, ки сӯхтор дар бинои анбори истгоҳи Маскав-Ленинградская дар майдони “Комсомол” шоми 20-уми ноябр сар зад. Бино ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, як анбори хишт дар масоҳати 2,5 ҳазор метри мураббаъ оташ гирифт. Хомӯш кардани сӯхтор то нисфи шаб идома ёфт ва бо гузашти нуҳ соат ҳафт нафар ба ҳалокат расида, ҳафт нафари дигар наҷот дода шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *