Боздошти ду шикорчии саъба дар шаҳри Истиқлол

Ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ дар мавзеи партовгоҳи шаҳри Истиқлол 2 нафар сокини шаҳри Хуҷанд боздошт гардидаанд, ки бо шикори ғайриқонунии парандаҳои хушхон, аз ҷумла саъба машғул будаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбати онҳо бо дастрасии моддаи 208, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳо тартиб дода шудаанд.

— Тибқи нақшаи корӣ нозирони шуъбаҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд назорати давлатиро дар самтҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаҳои гуногуни миқёси вилоят амалӣ менамоянд,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.