Боздошти говдуздон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар асоси аризаву муроҷиати шаҳрвандон оиди аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудани чорвоҳои калони шохдор зимни пешбурди чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ду нафар гумонбарони ҷинояти дуздиро дастгир намуданд. Инҳо:

-Атоев Шамсиддин, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Ҷ. Балхӣ.

-Ҳакимов Ҳалим, соли таваллудаш 1983, сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.

Зимни чорабиниҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурдагон бо маслиҳати пешакӣ шабона дар ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳконӣ аз набудани атрофиён истифода намуда, чорвоҳои калони шохдори шаҳрвандонро дуздида, дар дигар ҷойҳо ба фурӯш мебаровардаанд.

Бо ин кирдорҳои ҷинояткоронаашон ба соҳибмулкон ба маблағи 117000 (яксаду ҳабдаҳ ҳазор) зарари калони молиявӣ расонидаанд.

Дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки Атоев Шамсиддин дар 6 ҳолат ва ҳаммаслакаш Ҳакимов Ҳалим дар 2 ҳолати ҷинояти дуздии говҳои шаҳрвандон дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун ва ноҳияи Дустӣ даст доранд.

Дар шуъбачаи тафтишотии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нисбати номбаршудагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *