Боздошти гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар Хатлон

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ҷинояти дуздии чорворо ошкор кардааст. Як гуруҳ иборат аз се нафар дар 23 ҳолат 24 сар чорвои сокинонро дуздиданд.

Раёсати ВКД хабар додааст, ки Субҳон Наҷмиддинов, соли таваллудаш 1991, пеш 3 маротиба суд шудааст ва Алиҷон Файзов, соли таваллудаш 1998, ҳарду сокинони шаҳри Ваҳдат, ҷамоати деҳоти Гулистон, деҳаи Дӯстӣ ва Рустам Холов, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Ёвон (ному насабашро ба Иванов Владислав Қурбоналиевич иваз намуда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад), бо маслиҳати пешакӣ давоми моҳҳои феврал- апрели соли равон гурӯҳи мутташакили ҷиноятиро таъсис додаанд.

Онҳо фаъолияти ҷиноии худро ба роҳ монда, чорвои калони шохдори сокинони ноҳияҳои Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ ва Панҷро дуздиданд. Гумонбарон бо истифода аз нақлиёти сабукрави “Тайоёта Рав 4” чорвои мардумро аз оғилхонаҳо, бошишгоҳҳои саҳроӣ ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун ва Панҷ медуздиданд.

Ҳаракатҳои ҷинояткоронаи ин афрод дар ҳоле ошкор шудааст, ки онҳо ба дуздии навбатии чорвои мардум аз оғилхонаҳои назди роҳи мошингард, дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Ҷайҳун даст заданд ва аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардиданд. Дар пайи таҳқиқи ҳодиса кормандони милитсияи вилояти Хатлон муайян кардаанд, ки аз ҷониби ин ашхос чорвоҳои дуздидашуда ба нақлиёти сабукрав бор карда шуда, дар бозорҳои чорвофурӯшии ноҳияҳои Ёвон, Рудакӣ ва шаҳри Ваҳдат ба фуруш мегузоштанд ва фоидаи калон медиданд. Дар пайи ин ҷиноят дар умум сокинон 210 ҳазор сомонӣ зарар дидаанд.

Нисбати номбаршудагон дар шуъбаи тафтишотии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *