Боздошти падари духтари 8 солаи маргталаб

Мақомоти амниятии Русия падари духтари 8-солаеро, ки дар пеши кӯдакони дигар гуфтааст, «ба зудӣ шаҳид мешавад”, боздошт ва бозпурсӣ кардаанд. Мақомот гуфтаанд, асосе барои ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ин хонавода намебинанд.

Хабаргузории «Регнум” аз қавли манобеаш дар мақомоти амниятии Русия хабар дод, ки шаҳрванди Тоҷикистонро, ки духтараш дар пеши кӯдакон дар бораи тайёриаш ба «шаҳид шудан” лоф зада буд, боздошт ва бозпурсӣ кардаанд. Ин муҳоҷир аз Тоҷикистон, ки бо таксиронӣ рӯзгори хонаводаашро таъмин мекардааст, дар ҷараёни бозпурсӣ гуфтааст, ба далели мушкилоти молӣ натавонист пули иҷораи манзилашон дар деҳаи Малое Карлинои ноҳияи Ломоносови вилояти Ленинградро пардохт кунад ва маҷбур шудаанд, аз онҷо бикӯчанд.

Манбаи «Регнум” гуфтааст, мақомот кадом асосе барои иртибот додани ин хонавода ба гурӯҳҳои ифротӣ намебинанд: «Ин як оилаи мазҳабист ва ба духтарашон аҳкоми Исломро таълим додаанд. Ин духтари 8-сола кӯшиш кардааст дар ҳавлӣ кӯдакони дигарро аз Ислом дарс бидиҳад ва гуфтааст, ҳамаи кофиронро дӯзах интизор аст. Моҷарои ҳам хандаовару ҳам ғамангез.”

Нашрияҳои чопи Санкт-Петербург, аз ҷумла 47news.ru, «Фонтанка” ва «Невские новости” рӯзи 14 октябр хабар доданд, ки маъмурони ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – ва Маркази «Э” (мубориза бо экстремизм)-и пулиси вилояти Ленинград дар пайи дарёфти маълумоти фаврӣ дар ҷустуҷӯи як хонаводаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон шудаанд.

Соати дуи рӯзи 13 октябр як мард ба қисми навбатдории шӯъбаи 114-уми пулис дар вилояти Ломоносови вилояти Ленинград занг зада, хабар додааст, ки аъзои як хонаводаи муҳоҷирони тоҷик, ки аз Узбекистон ба Русия омадаанд, зоҳиран ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ тайёрӣ мебинанд. Ин хонавода, ки 4 фарзанд, аз ҳама калониаш 8-сола, дорад, дар яке аз манзилҳо дар бӯстонсароҳои як ҷамъияти боғдорӣ дар канори деҳаи Малое Карлино зиндагӣ мекард ва ба гуфтаи ин мард, духтари 8-солаи онҳо рӯзи 3 октябр дар сӯҳбат бо кӯдакони дигар гӯё тавсиф кардааст, ки ӯ ба зудӣ «шаҳид хоҳад шуд ва ҳама дар оташи дӯзах месӯзанд.” Духтар ба кӯдакони дигар гӯё гуфтааст, ки вайро падараш чунин чизҳоро ёд медиҳад.

То куҷо воқеият додани ин иддао рӯшан нест, вале мақомоти амниятии Русия ин сигналро ҷиддӣ гирифтаанд. Бино ба гузориши 47news, пулиси навбатдор аз ноҳияи Ломоносов билофосила раҳбариятро дар ҷараён гузоштааст ва дар ҷараёни таҳқиқ маълум кардаанд, ки ин хонавода дар ҳудуди ҷамъияти боғдории «Самсон” дар як манзили мутаалиқ ба як зодаи Доғистон зиндагӣ мекард, вале рӯзи 4 октябр аз инҷо кӯчидаанд.

Нашрияҳои чопи Петербург менависанд, ки қазияро дар ҳоли ҳозир Маркази «Э” ва мақомоти ФСБ тафтиш мекунанд ва дар пайи ҷустуҷӯи ин хонаводаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон мебошанд. Дар бораи ин қазия додситонии вилояти Ленинград ва бахши вилоятии Хадамоти дифоъ аз сохти конститутсионӣ ва мубориза бо терроризмро низ хабардор кардаанд.

Баъди ҳамлаи хунини террористии моҳи апрел дар метрои Санкт-Петербург, ки 15 кушта ва беш аз 50 захмӣ ба ҷо гузошт, тадбирҳои амниятӣ дар шаҳри Петербургу вилояти Ленинград башиддат афзоиш дода шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти Русия, ҳамлаи маргталабона дар метрои Петебургро Акбарҷон Ҷалилови 20-сола, зодаи шаҳри Ӯши Қирғизистон анҷом дода буд.

Малое Карлино дар тақрибан 30-километрии ҷануби шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шудааст. Дар ин деҳа ҳудуди 2000 нафар зиндагӣ мекунанд.  манбаъ: akhbor.com

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *